Чанд хабар аз хориҷи кишвар

Октябрь 30, 2013 16:21

Вохӯрии Президенти ФР бо Сарвазири ҲиндустонДушанбе, 30 октябр. (АМИТ «Ховар»).-Президенти ФР ва Сарвазири Ҳиндустон ҳафтаи равон дар шаҳри Маскав бо якдигар музокирот намуда, дар бораи баррасии раванди тавсеаи ҳамкории дуҷониба табодули назар намуданд. Ва низ дар мавриди масоили муҳими байналмилалӣ, аз ҷумла авзои Сурия ва Афғонистон суханронӣ намуданд. Тадбирҳои БулғористонДушанбе, 30 октябр. (АМИТ «Ховар»).-Булғористон равзанаи Иттиҳоди Аврупо барои ворид шудани гурезагони Сурия унвон гирифтааст. Тавре ки дар рўзномаи New Times навиштааст, ҳукумати кишвар кўшиш дорад, ки дар ин самт тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намояд. Бозгашти гурезагон ба Кореяи Ҷанубӣ Душанбе, 30 октябр. (АМИТ «Ховар»).-Дар Кореяи Шимолӣ бештар аз 516 нафар шаҳрванди Кореяи Ҷанубӣ ғайри хоҳишашон нигаҳдорӣ мешаванд. Тавре ки расонаҳои хабарии Аврупо менависанд, соли 1953 баъди имзои оташбас миёни ин ду Корея дар қаламрави Кореяи Шимолӣ 3835 шаҳрванди Кореяи Ҷанубӣ боқӣ монданд. Бояд қайд намуд, ки муддати 60 сол аст, ки 3319 шаҳрванди Кореяи Ҷанубӣ бо роҳи гурез ва ё бозгашт ба Ватан омадаанд. Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ

Октябрь 30, 2013 16:21

Хабарҳои дигари ин бахш