Чанд хабар аз хориҷи кишвар
Худдории Арабистони Саудӣ аз узвият дар Шўрои амниятДушанбе, 31 октябр. (АМИТ «Ховар»).-Тавре ки расонаҳои хабарии Аврупо навиштаанд, Арабистони Саудӣ аз узвияти ғайридоимии Шўрои Амнияти СММ худдорӣ намудааст. ВКХ Арабистони Саудӣ изҳор доштааст, ки шакл ва механизми фаъолияти Шўрои амният, ки стандартҳои дукаратаро талаб мекунад, ба онҳо имкон намедиҳад, ки вазифаи худро дар самти дастгирии байналмилалии бехатарӣ ба иҷро расонанд. Мувофиқи иттилои расида, дар тамоми таърихи худ Арабистони Саудӣ бори аввал дар Шӯрои Амнияти СММ ба узвият пазируфта шуд. «Ҷаҳони муосир»-и Исроил Душанбе, 31 октябр. (АМИТ «Ховар»).-Исроил бунёди манзилҳои зистро дар соҳили рўди Урдун 70 маротиба зиёд намудааст. Созмони ғайридавлатии «Ҷаҳони муосир»-и Исроил дар ин бора изҳорот додааст, ки барои ифшои ин маълумот аз ҷониби Ҳукумати Исроил мавриди интиқоди шадид қарор гирифт. Фалокати ҳавопаймо Душанбе, 31 октябр (АМИТ «Ховар»).-Дар шаҳри Паксе, ки дар қисми ҷанубии Лаос қарор дорад, ҳавопаймои мусофирбар дучори фалокат гардид. Дар пайи ин ҳодиса 44 нафар- 39 мусофир ва 5 тан аз ҳайати сарнишин ба ҳалокат расид. Тибқи иттилои расида, мусофирони ҳавопаймо шаҳрвандони 10 давлати дунё мебошанд. Кӯмак ба Шарқи ДурДушанбе, 31 октябр. (АМИТ «Ховар»).-Ба шаҳрвандони Шарқи дур, ки бар асари офатҳои табии зарар дида буданд, 600 млн рубли русӣ барои сохтмони манзилҳои муваққатӣ ҷудо гардидааст. Тавре ки расонаҳои дохили кишвар мегӯянд, то 220 рӯзи охир манзилҳои истиқоматӣ аз нав барқарор шуда, ба онҳо супорида мешавад. Бунёди роҳи абрешим тавассути ФРДушанбе, 31 октябр. (АМИТ «Ховар»).-Кореяи ҷанубӣ ва Федератсияи Русия барои тақвияти ҳамкорӣ миёни якдигар лоиҳаҳои наверо мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҳамчунин ҷониби Кореяи Ҷанубӣ пешниҳод кардааст, ки тавассути Русия Роҳи абрешим бунёд шавад.Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






