Чемпионати Тоҷикистон оид ба дзюдо миёни калонсолон

Октябрь 23, 2013 10:05

Душанбе, 23 октябр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).-Рӯзҳои 4-5 ноябри соли равон бахшида ба Рўзи Сарқонуни кишвар дар шаҳри Душанбе баргузории чемпионати Тоҷикистон оид ба дзюдо миёни калонсолон баргузор мегардад.Дар мусобиқаи мазкур ҳайати дастаҳои Хатлон (2 даста), Душанбе (4 даста), шаҳру ноҳияҳои тобеаи марказ (1 даста) ва минтақаи Рашт (1 даста) иштирок менамоянд. Варзишгарон барои ба даст овардани ҷоизаи мусобиқа дар вазнҳои 55, 60, 66, 73, 81, 90, 100 ва аз 100 боло қувваозмои хоҳанд кард.

Октябрь 23, 2013 10:05

Хабарҳои дигари ин бахш