Чорабиниҳои идона ба ифтихори Рӯзи Конститутсия

Октябрь 31, 2013 11:01

Душанбе, 31 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Шаҳрдории Душанбе бобати дар сатҳи баланд ва пуршукуҳ таҷлил намудани 19-умин солгарди қабули Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахт нақшаи чорабиниҳои фарҳангиро тасдиқ намуд. Тибқи он 6 ноябр шуруъ аз соати 9:00 дар боғҳои фарҳангию фароғатии «Дӯстии халқҳо», «Кӯли ҷавонон», ба номи С. Айнӣ, майдони «800-солагии Маскав» ва Боғи устод Рӯдакӣ сайругашти оммавии шаҳрвандон ва меҳмонони пойтахт баргузор гардида, намоиш ва фурӯши маҳсулоти қаннодӣ ташкил мешавад. Ҳамзамон дар боғҳои фарҳангӣ ҳунармандони ансамблҳои «Гулшан», “Зебо”, «Сомон», «Лола», “Сипар”, Театри опера ва балети ба номи С.Айнӣ, Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев ва дигар гуруҳҳои ҳунарии назди Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ бо барномаҳои рангини консертӣ табъи ҳозиринро болида месозанд. Шаҳрдории Душанбе тасмим гирифтааст, ки дар остонаи ин санаи таърихӣ ба мактаб-парваришгоҳҳои пойтахт кӯмакҳои хайриявӣ расонад. Мавриди зикр аст, ки соли равон мардуми Тоҷикистон 19-умин солгарди қабули Қонуни асосии кишварро дар мавриде таҷлил менамоянд, ки дар ин рӯз, яъне 6 ноябр дар ҷумҳурӣ чорабинии муҳими сиёсӣ -интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Октябрь 31, 2013 11:01

Хабарҳои дигари ин бахш