Чорабиниҳои пешазинтихоботӣ дар навоҳии Суғд
Душанбе, 24 октябр. (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова). -23 октябри соли равон бо ташаббуси Иттифоқи ҷавонон ва ҲХДТ дар маркази ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд дар доираи нақшаи чорабиниҳои гуруҳи муштараки таблиғотии Ситоди марказии пеш азинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо доираи васеи насли ҷавон ва аҳолӣ мулоқоти васеъ доир гардид. Дар ҷаласа шахси бовариноки номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муродалӣ Давлатов роҳбари Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аҳмадҷони Раҳматзод раҳбари Иттифоқи суғдии нависандагони вилояти Суғд, узви Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Ҷалолиддин Нуров, роҳбари ҲХДТ ноҳия Тоҷиддин Ниёзов перомуни барномаи пешазинтихоботии номазад сухан гуфтанд. Тавре ки аз бахши иттилоотии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ хабар доданд, ҳамин гуна вохўриҳо дар дигар шаҳру навоҳии вилояти Суғд идома доранд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






