Дар ҷустуҷӯи мудир
Душанбе, 16 октябр.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидова).-Шаҳрдории Душанбе барои ишғоли вазифаи мудири Корхонаи воҳиди давлатии /КВД/ «Чеварон», воқеъ дар шаҳраки 65-уми пойтахт озмун эълон менамояд. Довталабоне, ки мехоҳанд дар озмун ширкат варзанд, бояд маълумоти олии касбии рӯзона ва таҷрибаи кории роҳбарикунанда дошта бошанд. Дар озмун бештар ба бонувон, хусусан афроде, ки дар хориҷи кишвар таҳсил намуда, дар соҳаи чеварӣ, дӯзандагӣ ва дизайн таҷрибаи корӣ доранд, афзалият дода мешавад.
Озода Саидвалиева- мудири шуъбаи кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ “Ховар” гуфт, ки тибқи қарори Маҳмадсаид Убайдуллоев -раиси шаҳри Душанбе натиҷаҳои озмун на дертар аз 20 ноябр ҷамъбаст мешаванд.
Бояд тазаккур дод, ки дар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе дар моҳи сентябр дар заминаи яке аз биноҳои “Душанбеагросервис” КВД “Чеварон” созмон дода шуд, ки ба истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ махсус гардонида шудааст.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






