Дар Тоҷикистон реҷаи нерӯи барқ ҷорӣ гардид
Душанбе, 28 октябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Аз 26 октябр дар ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон реҷаи муваққатии истифодаи нерӯи барқ аз соати 22 – 00 шом то соати 5 — 00 субҳ ҷорӣ гардид.Тавре ки роҳбари хадамоти матбуоти ҶСКХ «Барқи тоҷик» Нозир Ёдгорӣ хабар дод, сабаби ин иқдом сард шудани ҳаво ва коҳиш ёфтани маҷрои оби дарёи Вахш дар обанбори Норак мебошад. Маҳдудияти интиқоли барқ ба марказҳои вилоятии кишвар, иншоотҳои ҳаётан муҳим ва шаҳри Душанбе дахл надорад.«Дар ҳоли ҳозир ҷараёни об ба обанбори Норак дар як сония 342 метри мукаабро ташкил дода, бинобар сард шудани ҳаво талабот ба нерӯи барқ афзудааст. Чунин вазъият энергетикҳоро маҷбур сохт, ки шабона реҷаи маҳдудияти интиқоли барқро ҷорӣ намоянд», зикр намуд манбаъ. Қобили зикр аст, ки ҳар сол дар Тоҷикистон реҷаи истифодаи нерӯи барқ дар даҳаи аввали моҳи октябр ҷорӣ карда мешуд, вале имсол энергетикҳои тоҷик реҷаро дар охири моҳи октябр ҷорӣ намуданд. Масалан, соли гузашта реҷаи маҳдудияти интиқоли барқ дар кишвар 7 октябр ҷорӣ гардида ва 5 моҳ — то 7 марти соли 2013 давом кард.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






