Даромади пулии аҳолӣ зиёда аз 12 млрд. сомониро ташкил дод
Душанбе, 30 октябр. (АМИТ «Ховар, Л. Қосимова).- Тавре ки аз дафтари матбуоти Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар айни замон нишондиҳандаҳои миқдории сатҳи зиндагии аҳолии ҷумҳурӣ тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чунин ҳолат қарор дорад: индекси нархҳои истеъмолӣ дар моҳи августи соли 2013- 100,9 фоиз, аз ҷумла ба молҳои озуқа 101,0 фоиз, ба молҳои ғайриозуқа 100,4 фоиз ва ба хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ 102 фоизро ташкил дод. Даромади пулии аҳолӣ дар моҳҳои январ — июли соли 2013 аз рўи маълумоти пешакӣ 12 млрд. 919,1 млн. сомониро ташкил кард, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2012 бо нархҳои амалӣ 17,6 фоиз афзудааст. Хароҷоти пулӣ ва амонатҳои аҳолӣ дар ин давра 15 млрд. 764,7 млн. сомониро ташкил дод.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






