Дарёфт ва мусодираи зиёда аз 2 кг афюн

Октябрь 30, 2013 10:23

Душанбе, 30 октябр. (АМИТ «Ховар, Л. Қосимова).- 28 октябри соли 2013 аз ҷониби кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ- 1-и ноҳияи Рудакӣ зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ бо гумони даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир шаҳрванд Мақсудҷон Раҳимов, соли таваллудаш 1967, сокини ноҳияи Рӯдакиро дастгир карданд. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ў ба миқдори 2 кг 294 грамм маводи нашъадори афюн дарёфт ва мусодира шуд. Тавре ки аз дафтари матбуоти ВКД ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, нисбат ба ҳодисаи мазкур бо моддаи 200 қисми 4 КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад

Октябрь 30, 2013 10:23

Хабарҳои дигари ин бахш