Дастпарвари Маркази варзишии БМТ медали биринҷӣ ба даст овард
Душанбе, 3 октябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба қаиқронӣ дар каноэ, ки рӯзҳои наздик дар шаҳри Самарқанд баргузор гардид, варзишгари тоҷик, дастпарвари Маркази варзишии Бонки миллии Тоҷикистон Шаҳриёр Даминов ширкат варзид ва сазовори медали биринҷӣ гардид. Тавре ки аз Хадамоти матбуоти бонки мазкур хабар доданд, мақоми аввалро бо натиҷаи 00:40.648 варзишгари Қазоқистон Сергей Емелянов ва ҷойи дуюмро бо натиҷаи 00:42.165 Элёр Мамадалиев аз Ӯзбекистон сазовор гаштанд. Ба иттилои Нодир Сафаров, мураббии дастаи мунтахаби қаиқронони Тоҷикистон, дар ин мусобиқаи минтақавӣ, ки дафъаи 15-ум баргузор шуд, қариб 500 варзишгар аз 22 кишвари дунё иштирок доштанд. Тоҷикистонро дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё 13 варзишгар, 1 довар ва 3 мураббӣ намояндагӣ карданд.Шаҳриёр Даминов ҳамроҳи устодонаш Нодир Сафаров ва Ҳасан Шарифов дар каноэи яккаса дар масофаи 200 метр бо натиҷаи 00:43.989 мақоми сеюмро соҳиб шуд. Бояд гуфт, ки варзишгарони 8 кишвари олам соҳиби медалҳои мусобиқот шуданд, ки Тоҷикистон низ аз ҷумлаи онҳост. Медали ба дастовардаи Шаҳриёр Даминов нахустин медали қаиқронони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё ба шумор меравад. Нодир Сафаров, ки дар ин мусобиқот ба ҳайси довар ширкат дошт, меъёрҳои муқарраршудаи довари дараҷаи байналмилалиро ба ҷо овард ва барои гирифтани ин унвон номзадии ӯ ба комиссияи Федератсияи байналмилалии қаиқронӣ пешниҳод шуд. Дар ҷаҳорчӯбаи мусобиқаи номбурда, дар шаҳри Самарқанд ҷаласаи XVI Конфедератсияи қаиқронони Осиё барпо гардид, ки дар он Масанори Нарита аз Ҷопон дигарбора раиси ин созмони минтақавӣ интихоб шуд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






