Дастури раиси шаҳр ба масъулини ниҳодҳои марбута
Душанбе, 14 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Натиҷаҳои фаъолияти анҷомдодаи сохторҳои марбутаи пойтахт дар тӯли ду ҳафта ҷиҳати омодагӣ ба мавсими зимистон дар ҷаласаи Ситоди шаҳрӣ, ки дар ҳузури Маҳмадсаид Убайдуллоев-раиси шаҳр доир шуд, баррасӣ гардид.
Раиси шаҳр бо натиҷа аз санҷишҳои комиссияҳои марбута , ки дар ноҳияҳо оид ба ҳолати омодагиҳои фонди манзил, муассисаҳои иҷтимоӣ ва Муассисаи шабакаи гармидиҳии пойтахт сурат гирифта, ба масъулин дастур дод, ки дар ҳамкорӣ бо соҳибмулкони манзил барои қабули гармӣ аз ҷониби «Маркази истеҳсоли барқу гармидиҳӣ» — и ШСХК “Барқи Тоҷик” корҳои нақшавиро ба роҳ монанд.
Шаҳрдор аз масъулини ниҳодҳои марубта ва ШСХК “Барқи Тоҷик” талаб кард, ки ҷиҳати татбиқи Қарори марбутаи Ҳукумати кишвар тадбирҳои зарурӣ андешанд. Дар ин росто комиссияҳои назоратӣ муваззаф гардиданд, ки оид ба ҳолати корҳои омодагӣ аз ҷониби сохторҳои ноҳиявию шаҳрӣ ва “Барқи Тоҷик” ба раиси шаҳр маълумот ироа созанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






