Дидори Владимир Каланда аз АНМН ҶТ
Душанбе, 8 октябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – 7 октябр дар ҷараёни мулоқоти Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ Рустам Назаров бо муовини аввали Директори Хадамоти федералии назорати гардиши маводи нашъаовари Федератсияи Русия Владимир Каланда масъалаи фаъолияти муштараки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишвар, ки бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар мубориза мебаранд, ҳамчунин мавзӯи сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон дар бахши мубориза бо маводи нашъаовар ва ҳамкорӣ бо муассисаҳои зидди маводи нашъаовари кишварҳои дигар мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Назар ба хабари маркази матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовар, ҷонибҳо ҳамчунин ҷараёни татбиқи Созишномаи байни Агентии назорати маводи нашъаовари ҶТ ва Хадамоти федералии Федератсияи Русия оид ба назорати гардиши маводи нашъаовар «Дар бораи расонидани кӯмак ба Агентӣ ҷиҳати мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, моддаҳои фалаҷкунандаи асаб ва ашёи хоми онҳо» аз 5 октябри соли 2012 – ро баррасӣ намуданд.Тавре ки Директори Агентии назорати маводи нашъаовар зикр намуд, Тоҷикистон барои ҷилавгирии ба қаламраваш воридшавии маводи нашъаовар чораҳои ҷиддӣ дида ва бо ин васила интиқоли маводи нашъаовар ба Русия ва Аврупоро маҳдуд месозад. Рустам Назаров ба ҳайати Хадамоти федералии назорати маводи нашъаоварии Федератсияи Русия хабар дод, ки Агентӣ моҳи ноябри соли равон мулоқоти вазирон — роҳбарони муассисаҳои мубориза бо маводи нашъаовари Афғонистон, кишварҳои Осиёи Марказӣ, Эрон, Покистон, ҶМЧ, ИМА, Туркия, Русия ҳамчунин Иттиҳоди Аврупоро аз рӯи масоили мубориза бо маводи нашъаовар ташкил карданист.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






