Доираҳои тиҷоратии НТМ дар Душанбе ҷамъ омадаанд
Душанбе, 16 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Силсилаи давраи омӯзишӣ бо мақсади баланд бардоштани огоҳии доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон аз қоидаву созишномаҳои Созмони ҷаҳонии тиҷорати ҷаҳонӣ /СҶТ/, уҳдадориҳои Тоҷикистон ва таъсири он ба соҳаҳои муайяни иқтисоди ҷумҳурӣ имрӯз дар Душанбе оғоз ёфт.
Давраҳои омӯзишӣ бо ибтикори Маркази тиҷорати байналмилалӣ (МТБ) ва Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон гузаронида мешаванд. Силсилаи омӯзишҳо имрӯз дар шаҳри Душанбе барои намояндагони доираҳои соҳибкории ноҳияҳои тобеи марказ (НТМ) оғоз шуда, фардо дар Қӯрғонтеппа идома меёбад ва рӯзи 19-уми октябр дар шаҳри Хуҷанд ба анҷом мерасад.
Барномаи давраҳои омӯзишӣ аз баррасии нақши СТҶ дар раванди тиҷорати байналмилалӣ, қоидаҳои бунёдии созмон, раванди вуруди Тоҷикистон ба ин созмон ва уҳдадориҳои кишвар ҷиҳати дастрасӣ ба бозор ва хидматгузориҳо, таъсири узвияти Тоҷикистон дар СТҶ ба соҳаҳои кишоварзӣ, коркард ва нассоҷӣ, ҳамчунин ҳалли нофаҳмиҳои тиҷоратии байналмилалӣ иборат аст.
Интизор меравад, ки чолишҳои феълии тиҷоратии содиркунандаҳои Тоҷикистон дар бозорҳои хориҷӣ ва имкони истифода аз узвияти кишвар дар СТҶ барои ҳалли ин мушкилот низ дар давраҳои омӯзишӣ баррасӣ хоҳад шуд.
Давраи омӯзишии мазкур дар доираи лоиҳаи «Иҷрои талаботи СТҶ ва огоҳии доираҳои тиҷоратӣ аз шароити узвият ба он» баргузор мегардад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






