Дурнамои ҳамкории Вазорати меҳнат бо БРО
Душанбе, 10 октябр (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Дирӯз муовини якуми Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Э. Сангинов намояндагони Бонки Рушди Осиё (БРО)– Стивен Тейбор, Тошиюки Юкота ва Азиза Катаеваро ба ҳузур пазируфт. Зимни вохўрӣ ҷонибҳо роҷеъ ба ҳамкориҳои дуҷониба ибрози назар карда, Э. Сангинов оид ба масъалаҳои марбут ба самтҳои фаъолият, ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории вазорат бо БРО сухан гуфта, ҷиҳати густариши робитаҳои тарафайн изҳори қаноатмандӣ намуданд. Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои вобаста ба лоиҳаҳои БРО дар соҳаи иҷтимоӣ ва кўмакҳои ҳаматарафа ба Тоҷикистон муҳокима гардид. Дар вохўрӣ намояндагони БРО бештар ба масъалаҳои соҳаи нафақа, аз ҷумла тақвияти хизматрасонӣ ба нафақагирон тавассути кортҳои пластикии бонкӣ таваҷчуҳ зоҳир намуда, омодагии худро ҷиҳати ҳамкории минбаъда иброз намуданд.Дар анҷоми вохўрӣ ҷонибҳо умедвории худро ба рушду густариши ҳамкории минбаъда таъкид доштанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






