Э. Раҳмон ба мансаби Президентӣ ба қайд гирифта шуд
Душанбе, 9 октябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз ҷаласаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он масъалаи ба қайд гирифтани номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Зикр гардид, ки ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ қарорҳои Анҷумани Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон оид ба пешбарии номзадии Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардида буд.
7 октябри соли 2013 ҳуҷҷатҳо ва маводи зарурӣ, аз ҷумла бланкаҳо бо имзоҳои интихобкунандагон оид ба дастгирии номзади пешбаригардида ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ пешниҳод шуданд.
Маводҳои пешниҳодгардида аз ҷониби масъулони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ мавриди омӯзиш қарор дода шуд. Дар натиҷа маълум гардид, ки ҳуҷҷатҳо ва маводҳои пешниҳодшуда ба талаботи моддаи 25 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ мебошанд.
Бо назардошти ин, бо Қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ аз 9 октябри соли 2013 Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуд.
Ҳамзамон 15 нафар шахсони боэътимод, ки барои бақайдгирӣ ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ пешниҳод гардида буданд, ба сифати шахсони боэътимод барои гузаронидани маъракаи интихоботии номзад, ташвиқот бурдан ва ҳимояи манфиатҳои номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба қайд гирифта шуданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






