ФБД қариб ба 1 млн. мусофир хизмат расонид
Душанбе, 14 октябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-«Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» фаъолияти 9 моҳаи соли 2013-ро ҷамъбаст кард. Муовини директори генералӣ Азиз Иброҳимов оид ба фаъолияти нуҳмоҳаи фурудгоҳ маълумот дода, фаъолияти нуҳмоҳаро қаноатбахш арзёбӣ намуд.
Зикр гардид, ки дар фаъолияти молиявӣ ва хоҷагии фурудгоҳ пешравӣ мушоҳида шуда, алъон фурудгоҳи Душанбе бо 5 ширкати ҳавопаймоии мамолики хориҷи дур, 14 ширкати ҳавопаймоии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ширкатҳои маҳаллии ҳавопаймоии кишвар -«Тоҷик Эйр», «Сомон Эйр», дар маҷмуъ бо 21 ширкати ҳавопаймоӣ ҳамкорӣ дорад.
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» котиби матбуотии фурудгоҳи мазкур Маҳмадюсуф Шодиев хабар дод, дар давраи ҳисоботӣ фурудгоҳ ба 538,922 нафар мусофири рафта ва ба 415,655 мусофири омада хизмат расонид.
Миқдори умумии бор ва почтаи қабулгардида ва интиқолдодашуда аз ҷониби анбори тиҷоратии «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» дар ин давра 1915тоннаю 867кг- ро ташкил дод.
Ба 5339 адад хатсайри доимӣ (мунтазам) ва 385 адад хатсайри чартерӣ хизмат расонида шуд.
Дар нуҳ моҳи соли 2013 дар хусуси наомадан, осеб дидан ва гум шудани бағоҷҳо 683 эрод ворид гардид, ки аз онҳо 662-тояш қонеъ шуда, 21 эрод дар марҳалаи баррасӣ қарор дорад.
Дар ҷаласа таъкид гардид, ки оид ба баланд бардоштани сатҳ ва сифати хизматрасонӣ ба мусофирон диққати ҷиддӣ дода шуда, барои таъмини амнияти парвозҳо ва риояи бечунучарои техникаи бехатарӣ ҳангоми хизматрасонӣ ба ҳавопаймоҳо чораҳои амалӣ дида шаванд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






