Филиппин ҷонибдори ҳамкорӣ бо Тоҷикистон аст
Душанбе, 7 октябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Охири ҳафтаи гузашта дар шаҳри Душанбе мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид бо сафири Филиппин дар Тоҷикистон Доминго Д. Лусенарио баргузор гардид.
Тавре ки аз ПСС Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, сафир дар бораи иқтисодиёт ва саноати Филиппин, нақшаҳои кишвараш дар мавриди рушди равобити тиҷоратию иқтисодӣ ва дурнамои ҳамкорӣ бо Тоҷикистон нақл кард.
Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон перомуни мақому фаъолияти палата сухан ронда, самтҳои асосии иқтисодиётро муфассал баён карда, соҳаҳоеро хотирнишон сохт, ки ба сармоягузорӣ зарурат доранд. Мавсуф ҳамчунин дар бораи ҳамкорӣ бо палатаю созмонҳои ҷаҳонӣ ва намоишгоҳу ярмаркаҳое, ки Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ташкил менамояд, нақл кард.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






