Форуми ҷумхуриявии занони соҳибкор
Душанбе, 2 октябр. (АМИТ «Ховар», Ситора Раҷабова).- Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Форуми занони соҳибкор дар мавзӯи «Бонувони соҳибкори Тоҷикистон. Таҷриба, мушкилот ва дурнамо» доир гардид. Форуми мазкур бо ташаббуси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон якҷоя бо Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкори «Кадбону» баргузор шуд. Ҳадаф аз баргузории форум мусоидат ба фаъолияти соҳибкории бонувон, мубодилаи таҷриба, баррасии мушкилот ва дурнамои фаъолияти онҳо мебошад. Масъалаҳои қонунгузорӣ барои фаъолияти озоди соҳибкории занон, грантҳои президентӣ барои занони соҳибкор (40 грант ба маблағи 200 ҳазор сомонӣ), ёрии беруна барои дастгирии ҳамаҷонибаи занони деҳот, ташкили марказҳои дастгирӣ, омӯзиши соҳибкорӣ дар ин форум мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар ҷараёни форум зикр гардид, ки дар айни замон дар ҷумҳурӣ зиёда аз 300 лоиҳа ва барномаҳои гуногун барои омӯзиши тиҷорати хурду миёна, 200 ташкилоти ҷамъиятӣ дар рушди занони соҳибкор фаъолият мекунанд ва ҳоло дар ҷумҳурӣ 160 ҳазор нафар занон ба соҳибкорӣ машғуланд. Бояд гуфт, ки барои фаъолияти хуби истеҳсолӣ 16 нафар занони соҳибкор бо ифтихорномаи «Барои комёбиҳои тиҷоратӣ ва саҳми арзанда дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






