Форуми зиёиёни эҷодӣ ва илмии ИДМ

Октябрь 2, 2013 15:49

Душанбе, 2 октябр. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).- Чанде пеш дар пойтахти Ҷумҳурии Беларус- шаҳри Минск форуми VIII зиёиёни эҷодӣ ва илмии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Тавре ки аз Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар чаҳорчӯбаи ин форум Шӯрои ҳамоҳангсозии ректорони консерваторияҳо ва академияҳои мусиқии ИДМ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои инкишофи ҳамкории дурнамои муассисаҳои олии ин кишварҳо – шарикон дар соли 2014 муҳокима гардид. Ҳамзамон масъалаи бунёди оркестри симфонии ҷавонони ИДМ ҳалли худро ёфт. Дар анҷоми ҷаласаи Шӯрои ректорон ва Академияи мусиқӣ қарордодҳои ҳамкорӣ миёни Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов ва Академияи давлати мусиқии Беларус ба имзо расонида шуд. Ба имзо расонидани чунин қарордод имкониятҳои зиёдеро, аз қабили: мубодила миёни ҳайати профессорон ва донишҷӯён, иштирок дар фестивалҳои эҷодӣ ва конкурсҳои байналмилалии мусиқии касбӣ, корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва ғайра ба вуҷуд меорад.  

Октябрь 2, 2013 15:49

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд