Гуфтушуниди байни Тоҷикистону Австрия
Душанбе, 11 октябр. (АМИТ «Ховар»). – Чанде пеш дар шаҳри Душанбе даври аввали гуфтушуниди миёни Тоҷикистону Австрия аз рӯи лоиҳаи созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи роҳи ҳавоӣ баргузор шуд. Ҷонибҳо дар баробари баррасии лоиҳаи созишнома масоили роҳандозии ҳамкории минбаъдаи байни ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва фурудгоҳҳои ҳар ду кишварро низ мавриди муҳокима қарор доданд.
Роҳбарии ҳайати Австрия дар гуфтушунидро сардори Раёсати муҳити зист, нақлиёт ва алоқаи телевизионии Вазорати федералӣ оид ба умури Аврупо ва байналмилалӣ Антон Козусник ба ӯҳда дошт.
Даври зикршудаи гуфтушунид бо ибтикори Сафорати Тоҷикистон дар Австрия якҷоя бо Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт.
Дар ин бора аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






