Хати технологии нав дар «Элита»-и шаҳри Истаравшан
Хуҷанд, 10 октябр. (АМИТ «Ховар», Ситора Раҷабова).- Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода зимни сафари корӣ дар коргоҳи ҶДММ «Элита»-и шаҳри Истаравшан хати технологии навро ба истифода дод. Қоҳир Расулзода пас аз буридани лентаи рамзӣ аз дохили корхона дидан намуда, бо технологияи ҷадид шинос гардид. Зикр гардид, ки бо харидории таҷҳизоти нав-хатти технологии «Тетра пак» аз ширкати Gemina Processos Alimentaros-и давлати Испания ва «Пастеризатори РМ 100» аз ширкати Vitan-и давлати Полша дар ҳаҷми 1 миллиону 450 ҳазор доллари ИМА ҳаҷми истеҳсол ба маротиб афзоиш ёфтааст. Имрӯз дар ин корхона 5 намуди маҳсулот аз меваҳои маҳаллӣ истеҳсол мешавад. Иқтидори истеҳсолии корхона пас аз насби таҷҳизот дар як соат ба 5 ҳазору 500 қуттӣ баробар шудааст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






