Хизмат ба Ватан шараф аст
Муъминобод, 19 октябр. (АМИТ «Ховар», С. Холов).-Дар рӯзҳои аввали даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар комиссариати ҳарбии ноҳияи Муъминобод бо иштироки раиси нохия, собиқадорони ҷангу меҳнат ва падару модарони ҷавонписароне, ки ихтиёран ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шудаанд, маҷлиси ботантана баргузор шуд. Дар ҳамоиш зикр шуд, ки хизмати модар Ватан барои ҳар як фард ҳам қарз асту ҳам фарз ва барои иҷрои қарзи фарзандӣ ҳар ҷавонписар бояд ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил гардида, дар ҳифзи марзу буми Ватан ҳиссагузорӣ намояд. 30 нафар ҷавонписар, ки бо даъвати комиссариати ҳарбӣ ҳозир гардида буданд, дар назди ҳозирон ваъда доданд, ки хизматро бо сари баланд ба анҷом мерасонанд. Бояд гуфт, ки беҳтар гардидани шароити будубош ва хизмат дар ҷузъу томҳои Вазорати дифои мамлакат ба зиёд гардидани шумораи ихтиёриён баҳри хизмат дар сафхои артиши миллӣ мусоидат намудааст. Дар айни ҳол нақшаи даъвати тирамоҳӣ дар ноҳия ба 45 % расонида шуда, дар ин самт масъулини ҷамоатҳои деҳот ва вакилони маҳаллаҳо саҳмгузор мебошанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






