ХМ Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо табодули таҷриба мекунанд
Душанбе, 23 октябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Аз 21 то 23 октябр дар Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари иттилоотӣ барои ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумоти муҳоҷиратӣ ва табодули таҷрибаи байни Иттиҳоди Аврупо ва Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар бахши муҳоҷирати меҳнатӣ баргузор гардид.Дар семинар кормандони дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират ва бахшҳои он, намояндагони Иттиҳоди Аврупо бо роҳбарии сардори шуъбаи ҳамкории техникӣ Овидию Мик, намояндагони Маркази байналмилалии рушди сиёсати муҳоҷиратӣ Алфред Вогер, намояндагони Комиссияи иқтисодии Аврупо оид ба табодули арзёбии теъдоди муҳоҷирон Андреа Кутило ва оид ба масоили таҷрибаи Руминия Аураш Маринеску иштирок доштанд.Назар ба хабари дафтари матбуоти Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, семинар дар ҳошияи лоиҳаи иборат аз шашмарҳилавӣ баргузор гардид. Дар семинар ҳамчунин яке аз марҳилаҳои табодули таҷрибаи кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






