Хуҷанд сарбозони ҷавонро ба артиш фиристод
Душанбе, 8 октябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Рӯзҳои истироҳати гузашта дар шаҳри Хуҷанд маросими ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ фиристодани даъватшавандагони аввалин баргузор гардид.Мувофиқи хабари хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, сарбозони ҷавони хуҷандӣ дар сарҳадҳои ҷанубии кишвар хидмат мекунанд. Назар ба гуфтаи муовини аввали раиси шаҳри Хуҷанд Иброҳим Иброҳимов, дар комисариати ҳарбии шаҳр маросими ботантана гусел намудани аввалин 30 нафар даъватшавандагон баргузор гардид.Имсол шаҳри Хуҷанд бояд 170 нафар ҷавононро ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ фиристад. Хотирнишон месозем, ки маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар 1 октябр оғоз ёфт.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






