Хурсандии Ҷонона

Октябрь 4, 2013 15:29

Душанбе, 4 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 30 нафар духтарон дар пойтахт зимни як давраи омӯзишӣ дар коргоҳи дӯзандагии муштараки назди Маркази таълимии калонсолони шаҳри Душанбе нозукиҳои касби чевариро аз худ карда, аз санҷиш бомуввафақият гузаштанд.  Дар маросими супоридани имтиҳони ҷавондухтарон Саидмаҳдӣ Ибодӣ- раиси дафтари намояндагии Кумитаи имдоди Эрон дар Тоҷикистон, намояндагони Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ, Файзулло Кабиров — раиси маркази таълими калонсолони шаҳри Душанбе ширкат намуда, аз ҷараёни имтиҳони коромӯзон назорат намуданд. Дар фарҷоми маросими супоридани имтиҳони коромӯзон раиси дафтари намояндагии Кумитаи имдод дар Тоҷикистон Саидмаҳдӣ Ибодӣ ба як нафар аз беҳтарин коромӯз Ҷонона Раҳимова мошинаи дӯзандагӣ тақдим кард. Ҷонона Раҳимова мегӯяд, ки: «Ман аз сабаби надоштани шароит натавонистам дар мактаби миёна таҳсил намоям. Баъди фавти шавҳарам бо ду кӯдак дар хонаи модарам зиндагӣ мекунам ва ҳоло шодам, ки баъди хатми давраи омӯзиши дӯзандагӣ соҳиби касб шудам ва тавассути ҳунарам бо меҳнати ҳалол ман рӯзгори худро таъмин менамоям». Коргоҳи дӯзандагии мазкур соли 2007 дар ҳамоҳангии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дафтари намояндагии Кумитаи байналмилалии имдоди имом Хумайнии Эрон дар Тоҷикистон таъсис ёфтааст.   Абдулғаффори Солеҳ-масъули умури идорӣ ва равобити умумии намояндагии дафтари Кумитаи имдод дар Тоҷикистон мегӯяд, ки то кунун Кумитаи имдод дар ҳамкорӣ бо Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон дар минтақаҳои гуногуни кишвар 67 коргоҳи омӯзишӣ таъсис додааст, ки дар ин коргоҳҳо фарзандони оилаҳои ниёзманд ҳунарҳои дӯзандагӣ, барномасози компютер, сангтарошӣ, заргарӣ, сантехникӣ ва кафшергариро аз бар намуда, вориди бозори меҳнат гардидаанд.
 

Октябрь 4, 2013 15:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд