И.Бокова — Директори генералии ЮНЕСКО
Душанбе, 7 октябр. (АМИТ «Ховар»). – 58 давлати аъзои Шӯрои иҷроияи ЮНЕСКО намояндаи Булғористон Ирина Боковаро Директори генералии созмони мазкур барои муҳлати дуюми чорсола таъин намуданд.
Дар маъракаи пешазинтихоботӣ барои дарёфти ин мансаб Ирина Бокова (аз Булғористон), Рашад Фара (аз Ҷибути) ва Ҷозеф Маила (аз Лубнон) иштирок доштанд.
Ирина Бокова соли 1952 дар шаҳри Софияи Булғористон таваллуд шудааст. Вай моҳи октябри соли 2009 дар байни занон аввалин шуда Директори генералии ЮНЕСКО интихоб гардида буд. Мавсуф то моҳи октябри соли 2009 Сафири Булғористон дар Фаронса ва намояндаи доимии ин кишвар дар ЮНЕСКО — ро ба ӯҳда дошт. Ирина Бокова чун дипломати касбӣ ва узви парлумони Ҷумҳурии Булғористон дар мансабҳои муовини вазир ва Вазири корҳои хориҷӣ фаъолият намудааст.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






