Иди қурбон дар Макка
Душанбе, 16 октябр. (АМИТ «Ховар»).- Тибқи иттилои сомонаи расмии Кумита оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзи иди Қурбон ҳоҷиёни тоҷик баъд аз расидан ба водии Мино аввалан барои адои маросими «рамйи ҷимор» ба мавзеи Ҷамарот рафтанд. Баъд аз анҷоми ин маросим зоирон маросими тарошидани сарро ба анҷом расонида, ба хаймаҳо баргаштаанд.Кумитаи дин менависад, яке аз муҳимтарин аркони Ҳаҷ, ки қурбонӣ кардан маҳсуб меёбад, ҳамагон баъд аз эълон шудани забҳи қурбонӣ аз эҳромҳо баромада, барои анҷом додани тавофи Хонаи Худо ва саъйи байни Сафо ва Марва ба хонаи Каъба шитобидаанд. Ба иловаи манбаъ, аз ҷониби гуруҳи корӣ дар роҳҳои самти Ҷамарот ва нақбҳо ишораҳои гуногун бо навиштаҷоти “Тоҷикистон” ва “Мино” насб карда шудаанд, ки ҳангоми баргаштан ба ҷойҳои худ ҳоҷиёни тасодуфан аз сафи гуруҳ ақибмонда ба осонӣ роҳи макони иқомати худро пайдо намоянд.Рафти иҷрои маросими қурбониро намояндагони ҳайати гуруҳи кории Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази Исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат намуданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






