Ифтитоҳи Консулгарии фахрии Тоҷикистон дар Ҳамбург

Октябрь 1, 2013 16:43

Душанбе, 1 октябр (АМИТ «Ховар»).- 30 сентябри соли 2013 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар маросими ифтитоҳи Консулгарии фахрии Тоҷикистон дар Ҳамбург ширкат варзид.  Дар чорабинии расмӣ ба муносибати ифтитоҳи Консулгарии фахрӣ раисони заминҳои Ҳамбург ва Шлезвиг-Ҳолштайн, корпуси консулӣ, намояндагони соҳаҳои тиҷорат, саноат, ВАО, доираҳои соҳибкорон, олимон ва шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Ҳамбург иқомат доранд, иштирок намуданд. Зимни суханронии худ Ҳамрохон Зарифӣ қайд намуд, ки чорабинии мазкур яке аз самараҳои татбиқи натиҷаҳои сафари расмии Президенти Тоҷикистон ба Олмон дар соли 2011 ва созиши ҷонибҳо ҷиҳати рушд ва тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба дар тамоми самтҳои мутақобилан судманд, аз ҷумла барқарор намудани равобит байни минтақаҳои мухталифи ҳарду кишвар, мебошад. Вазири корҳои хориҷӣ инчунин зикр намуд, ки ниҳоди консулони фахрӣ усули муассири рушди муносибатҳои дуҷониба мебошад ва изҳори боварӣ кард, ки Консулгарии фахрии Тоҷикистон дар заминҳои федеролии шимоли Олмон таъсири намоёни худро барои баланд бардоштани сатҳи муносибатҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ, илмӣ-фарҳангӣ ва гуманитарӣ миёни кишварҳо хоҳад гузошт. Минтақаи консулии Консулии фахрии Тоҷикистон Куруш Пуркиян заминҳои федеролии Ҳамбург ва Шлезвиг-Ҳолштайн мебошанд. Суроғаи Консулгарии фахрии Тоҷикистон: An der Alster 25, 20099 Hamburg. Тел: +49 40 2800 69 64, почтаи электронӣ: pourkian@honorarkonsulat-tj-hh.de

Октябрь 1, 2013 16:43

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд