Ифтитоҳи корхонаи саноатии Суғд Пак дар шаҳри Чкалов

Октябрь 16, 2013 14:26

Душанбе, 16 октябр (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Чкалови вилояти Суғд корхонаи саноатии Суғд Пак ба кор дароварда шуд.
 
Тавре иттилоъ доданд, ин корхона аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ Миразиз Усмонов ва Шодимурод Саидов таъсис дода шуда, асосан ба истеҳсоли халтаҳои пропиленӣ барои бастабандии орд, шакар, дигар маҳсулоти ғизоӣ ва ҳам хокаҳои масолеҳи сохтмонӣ ба мисли семент, алибастер ва ғайра машғул хоҳад буд.   
 
Ҳоло дар ин корхона коргоҳҳои ресандагӣ, бофандагӣ, дӯзандагӣ, чопи навиштаҷоти рӯйи халтаҳо  ва ламинатсиякунии дохили халтаҳо  омодаи коранд. Яъне тамоми корҳои омодасозии халтаҳо аз ришта то маҳсулоти тайёр дар худи корхона ба роҳ монда шудааст. Танҳо гранула, ки ашёи хоми синтетикӣ барои истеҳсоли риштаю матои халтаҳо мебошад, аз хориҷи кишвар ворид мегардад.
 
Ҳоло дар ин корхона беш аз 120 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидаанд. Бо назардошти дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон шумораи коргарон дар ин корхона то  моҳи сентябри соли 2014 ба зиёда аз 720 нафар мерасад, ки беш аз 600 касаш занону духтарон хоҳанд буд. Оянда бо амалӣ шудани ҳамаи нақшаю армонҳои ин соҳибкорони хушзавқ шумораи ҷойҳои корӣ дар ин корхона ба зиёда аз 3 ҳазор хоҳад расид.
 
Бо иқтидори кунуниаш дар ин корхона беш аз 40 миллион дона халтаҳои хурду бузург истеҳсол карда мешавад, ки ҳар яке аз  2 кг то 2 ҳазор кг ғунҷоиш доранд. Тавре иттилоъ доданд, талаботи пурраи Тоҷикистон ба маҳсулоти ин корхона дар ҳоли ҳозир 17 миллион дона халта аст.  Маҳсулоти ин корхона ба хориҷи кишвар низ содир карда мешавад. Соҳибкорони асосгузори ин корхона барои пешниҳоди ин маҳсулот ба Қазоқистон, Русия, Украина, Беларус ва дигар кишварҳо бо шарикони хориҷии худ созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расондаанд, аз ин хотир оянда иқтидори ин корхона ба маротиб афзоиш хоҳад ёфт.
 
Чунонки зикр гардид, ин соҳибкорон солҳои зиёд дар хориҷи кишвар фаъолият намуда, имрӯз тасмим гирифтаанд, ки бо сармояи гирдовардаашон дар ободонии Ватани азизи худ низ саҳмгузор бошанд.
 
Миразиз Усмонов, аз ҷумла иттилоъ дод, ки зимни яке аз мулоқотҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо тоҷикони муқими Қазоқистон ӯ уҳдадор шуда будааст, ки як корхонаи калони саноатӣ дар Тоҷикистон  бунёд менамояд. Инак дастуру маслиҳати Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ин соҳибкор амалӣ гардид ва марҳилаи аввали корхона ба кор даромад.
 
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Октябрь 16, 2013 14:26

Хабарҳои дигари ин бахш

23 июл дар Донишгоҳи давлатии тиббӣ ва Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар ду басти истироҳатгоҳи «Дурахшон» 230 нафар кӯдакону наврасон ба фароғат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, агентиҳои назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
22 июл дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, агентиҳои назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Аз 21 то 23 июл дар Тоҷикистон ҳавои номусоид ва бориши борон дар назар аст
МегаФон Тоҷикистон дастрасии муштариёнро ба онлайн-кинотеатри Wink боз намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Суди Олӣ, вазоратҳои адлия, корҳои дохилӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ доир мегардад
21 июл дар Суди Олӣ, вазоратҳои адлия, корҳои дохилӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ доир мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Бонки миллӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад