Ифтитоҳи Мактаби Президентӣ дар шаҳри Кӯлоб
Душанбе, 28 октябр (АМИТ «Ховар»).- Дар маркази шаҳри Кӯлоб бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон мактаби боҳашамати Президентӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки барои 640 нафар хонандагони хушлаёқат аз шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон пешбинӣ гардидааст.Зимни шиносоӣ бо шароити таълиму тарбия дар ин мактаби замонавӣ, аз ҷумла аён гардид, ки ин иншооти муҳими таҳсилотӣ бо тарҳи зебо ва мутобиқ ба стандартҳои баланди соҳаи маориф бунёд ёфтааст.Дар ин бино барои тамоми фанҳои дақиқ, аз ҷумла физика, кимиё ва биология, омӯзиши технологияҳои компютерӣ ва ҳунаромӯзии духтарону писарон синфҳои махсуси муҷаҳҳаз омода гардидаанд. Ду синфхонаи компютерӣ дорои 50 компютер буда, синфхонаҳои забономӯзӣ бо дастгоҳҳои лингофонӣ муҷаҳҳаз шудаанд.Толори маҷлисии мактаб дорои 608 ҷойи нишаст буда, дорои имкони баргузории ҳар гуна чорабиниҳои фарҳангӣ ҳам ҳаст.Толори варзишии мактаб универсалӣ буда, ҳамчунин 300 ҷойи нишаст барои тамошобинон дорад.Ошхонаи мактаб барои 320 хонанда дар як баст пешбинӣ шуда, басо тозаю озода ва мутобиқ ба стандартҳои баланди беҳдоштӣ муҷаҳҳаз гардидааст.Дар мактаби Президентӣ барои ҳамаи 640 нафар хонандаи он хобгоҳи зебою муҷаҳҳаз бунёд ёфтааст, ки дорои тамоми шароити зист, дарстайёркунӣ ва истироҳату фароғат мебошад.Дар назди мактаб, ҳамчунин як бинои нӯҳошёнаи истиқоматӣ қомат афрохтааст, ки дар он 36 омӯзгор бо аҳли хонаводаашон бо манзили зист таъмин гардидаанд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз шароити беҳтарини дар ин мактаб муҳайёгардида изҳори хушнудӣ карда, омӯзгорону хонандагонро ба омӯзиши амиқи илмҳои замона ҳидоят намуд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






