Ифтитоҳи варзишгоҳ дар маркази ноҳияи Дарвоз
Душанбе, 8 октябр (АМИТ «Ховар»).Дар маркази ноҳияи Дарвоз Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон варзишгоҳи Авесто Аренаро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод, ки дар майдони ним га доман паҳн намуда, дорои шароити хуби сатҳи байналмилалӣ барои футболи хурд ва дигар намудҳои варзиш мебошад.Майдони асосии он барои футболи хурд пешбинӣ шуда, дорои 800 ҷойи нишаст мебошад. Бинои дуошёнаи варзишгоҳ дорои толорҳои муҷаҳҳаз барои бокс, намудҳои гуногуни гӯштин, тенниси рӯйи миз, меҳмонхона, 11 утоқи корӣ ва дигар ҳуҷраҳо мебошад. Оянда дар назди он, ҳамчунин бунёди майдончаҳои тенниси калон ва волейболу баскетбол дар назар аст.Дар рафти сохтмони он аз 80 то 120 нафар ба кор ҷалб шудаанд. Ҳоло дар ин ҷо зиёда аз 15 нафар бо кори доимӣ таъмин мегарданд.Иттилоъ дода шуд, ки ин варзишгоҳ дар мувофиқа бо федератсияи футболи Тоҷикистон, метавонад ҳамчунин чун пойгоҳи мавсимии машқу тамрини футболбозони касбӣ истифода шавад.Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар майдони асосии ин варзишгоҳ бо роҳбарияту фаъолон ва намояндагони сершумори мардуми Дарвоз мулоқоти ошкору самимӣ анҷом дод. Зимни суханронӣ, аз ҷумла зикр гардид, ки бо ҷаҳду талоши пайгиронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи бунёди як силсила нерӯгоҳҳои хурди обӣ имрӯз норасоии нерӯи барқ дар ноҳияи Дарвоз куллан бартараф гардидааст.Тавре зикр гардид, пешравиҳои намоён дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, азхудкунии заминҳои нав ва дигар самтҳои афзалият низ ба назар мерасанд.Зимни суханронӣ ва посух ба суолу дархостҳои мардум Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон доир ба рушди минбаъдаи иҷтимоию иҷтисодӣ ва фарҳангии ноҳия ва барои бартараф намудани мушкилоти мардуми ниёзманд супоришҳои мушаххас дод.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






