Ифтитоҳи варзишгоҳи марказии шаҳри Исфара
Душанбе, 12 октябр (АМИТ «Ховар»).-Дар маркази шаҳри Исфара бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Варзишгоҳи марказии ин шаҳри бостонӣ ифтиоҳ ёфт. Тавре аён гардид, ин варзишгоҳи дорои 20 ҳазор ҷойи нишаст бо зебоии худ дар кулли Тоҷикистон назир надорад.Ба иттилои масъулин, ин иншооти муҳташами варзишӣ бо супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо харҷи беш аз 21 миллион сомонӣ маблағҳои буҷетӣ барои тарғиби васеи тарзи ҳаёти солим дар миёни наврасону ҷавонон, ҷалби ҳарчи бештари онҳо ба тарбияи ҷисмонию варзиш ва фатҳи қуллаҳои баланд дар олами варзишии минтақа ва ҷаҳон бунёд ёфтааст.Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз минбари ин варзишгоҳи боҳашамат суханронӣ намуда, мардуми шаҳри Исфараро бо ифтитоҳи ин иншооти бузурги варзишӣ, ду варзишгоҳи дигар дар ҷамоатҳои Чоркӯҳу Сурх ва бо ободонии бесобиқаи ин диёри дурдасти Тоҷикистони азиз табрику таҳният гуфт ва онҳоро ба пайравӣ ба корҳои бунёдкорию созандагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳидоят кард.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки “имрӯз дар таърихи шаҳри Исфара бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд”.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






