Ифтитоҳи Варзишгоҳи нави марказӣ дар ноҳияи Фархор
Дар маркази ноҳияи Фархор бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Варзишгоҳи нави марказӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки басо зебою муҳташам аст.Чунонки иттилоъ доданд, ин варзишгоҳ бо сарфи 12 миллион сомонӣ маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ бунёд ёфта, дорои зиёда аз 10 ҳазор ҷойи нишаст мебошад.Анбӯҳи бешумори мардуми Фархор, ба хусус ҷавонону наврасони дӯстдори варзиш ва тарзи ҳаёти солим, ки дар ин иншооти боҳашамати варзишӣ ҳузур доштанд, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро бо шукргузорӣ аз сиёсати бунёдкорона ва самимияти баланд истиқбол гирифтанд.Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз минбари ин варзишгоҳи зебо суханронӣ намуда, аз авҷи баланди бунёдкорию созандагӣ дар ноҳияи Фархор изҳори хушнудӣ кард. Хусусан ба соҳибкорони баору номуси маҳаллӣ, ки дар бунёди иншооти зиёди иқтисодию тиҷоратӣ, коммуникатсионӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ саҳми намоён доранд, арзи сипосу қадрдонӣ карда шуд.Дар майдони фарохи варзишгоҳ барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ намоиш дода шуд. Ин чорабинии дилнишин ҳам аз оғози фаъолияти ин иншооти бузурги навбунёд башорат медиҳад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






