Имзои Меморандуми сеҷониба
Душанбе, 24 октябр. (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова). — 24 октябри соли 2013 байни Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҶСК «Тоҷик Эйр» ва миссияи Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Меморандум оид ба ҳамкории сеҷониба дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ ба имзо расид Ба ҳуҷҷати мазкур сардори Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафиалло Девонаев, директори генералии ҶСК «Тоҷик Эйр» Фаррух Ҳамроев ва роҳбари миссияи Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон Тайма Курт имзо гузоштанд. Мақсад аз имзои меморандум ҳамаҷониба расонидани иттилоъ ба муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузориҳо, дар бораи муҳоҷирати кишварҳои кордиҳанда ва дар якҷоягӣ гузаронидани семинару вохўриҳо бо иштироки вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, беҳтар гардонидани ҳамкориҳо дар самти мазкур, расонидани хизматрасониҳои ҳуқуқиву машваратӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ хабар доданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






