Имзои протокол ҷиҳати ба расмият даровардани муҳлати иҷозати кор дар ФР
Душанбе, 30 октябр. (АМИТ «Ховар, Л. Қосимова).- 29 октябри соли 2013 дар шаҳри Маскав лоиҳаи Протокол дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ва шаҳрвандони Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 16 октябри соли 2004 ба имзо расид.Лоиҳаи Протоколро сардори Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафиало Девонаев ва роҳбари Хадамоти Федералии муҳоҷирати Русия Константин Ромодановский ба имзо расониданд. Ҳуҷҷати мазкур гирифтани иҷозатномаи кориро ҳангоми фаъолияти корӣ дар қаламрави кишвари қабулкунанда ба муҳлати 3 сол бе гузаштани сарҳади кишвари қабулкунанда ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият медиҳад.Пас аз имзои Протокол сардори Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Девонаев қайд намуд, ки солҳои охир байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия муносибатҳои хуби дӯстона ва судманд пойдор гардид, ки барои танзими раванди муҳоҷирати меҳнатӣ равона шудаанд.Тавре ки аз шуъбаи робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷират хабар доданд, ҳуҷҷати мазкур ҳуҷҷати дуюми муҳими имзонамудаи Тоҷикистону Русия оид ба танзими раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави Федератсияи Русия муваққатан фаъолият доранд, ба ҳисоб меравад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






