Инвентаризатсияи ҳайвоноти хонагӣ
Душанбе, 12 октябр.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидова).- Шаҳрдории Душанбе тасмим гирифтааст, ки дар давоми 10 рӯз тавассути корҳои фаҳмондадиҳӣ бо шаҳрвандон инвентаризатсияи чорвои калони шохдор, чорвои хурд, инчунин асп, парранда ва дигар ҳайвоноти хонагӣ, ба истиснои гурба, саг ва паррандаҳои хурди ғайриистеъмолиро дар ҳудуди шаҳр ба анҷом расонида, тибқи салоҳдиди шаҳрвандон аз байн бурдани онҳоро таъмин созад. Дар робита ба ин тасмим барои ба оилаҳои камбизоати муайянкардашуда ҷиҳати расонидани кӯмаки молиявии якдафъаина ба раиси шаҳр пешниҳод ирсол карда мешавад.
Масъалаи мазкур дар ҷараёни баргузории иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе зимни гузориши муовини аввали раиси шаҳр Насрулло Хайруллоев доир ба ҳолати риоя ва иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи статуси пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» матраҳ гардид. Бояд тазаккур дод, ки тибқи қонуни мазкур дар ҳудуди пойтахт парвариш ва нигоҳдошти чорвои калони шохдор, чорвои хурд, инчунин асп, парранда ва дигар ҳайвоноти хонагӣ, ба истиснои гурба, саг ва паррандаҳои хурди ғайриистеъмолӣ манъ аст.
Дар иҷлосия ҳамзамон вакилони шаҳрӣ масоили марбут ба омодагии пойтахт ба ҷашни 90-солагии Душанбе, ки дар соли 2014 таҷлил мегардад, баррасӣ намуданд. Дар фарҷоми иҷлосия як қатор қарорҳои раиси шаҳр тасдиқ гардиданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






