Иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши навбатии сарони кишварҳои ИДМ

Октябрь 25, 2013 16:18

Душанбе, 25 октябр (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи навбатии сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шаҳри Минск, пойтахти Ҷумҳурии Белорус баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.Барои иштирок дар ин ҳамоиш, сарони давлатҳои Тоҷикистон, Арманистон, Озарбойҷон, Молдова, Украина, Русия, Қазоқистон, Узбекистон, намояндагони Қирғизистону Туркманистон ва Президенти кишвари мизбон Белорус ҷамъ омаданд.Дар ҷаласа 14 масъала баррасӣ шуда, қарорҳои дахлдор қабул гардид. Таваҷҷуҳи зиёд ба омодагӣ ба 70-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, дигар масоили ҳамгироии гуманитарӣ ва рушди ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ зоҳир гардид. Соли 2015 соли собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 эълон гардид. Тавре зикр гардид, то соли 2015 барои мукофотонидани собиқадорони ҷанг ордену медалҳои ҷашнӣ таъсис дода мешавад.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Октябрь 25, 2013 16:18

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд