Иштироки сафир дар конфронси ҷаҳонӣ
Душанбе, 23 октябр. (АМИТ «Ховар», Анна Мощенко).- 22 октябр Сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин – Фролов дар Конфронси илмию назариявии байналмилалии «Саҳми илмии Михаил Андреев дар омӯзиши таъриху этнографияи халқи тоҷик» иштирок намуд. Конфронс бо иштироки Институти таърих, бостоншиносӣ ва этнографияи ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои ҶТ баргузор гардид. Дар конфронс бахшида ба фаъолияти илмии этнограф, забоншинос ва муҳаққиқи фарҳанги халқҳои Осиёи Марказӣ Михаил Андреев директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва этнографияи ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Масов, олимони Академияи илмҳои ҶТ, донишгоҳҳои Хуҷанд, Хоруғ, Данғара, Қӯрғонтеппа, ҳамчунин Академияи илмҳои Австрия сухан карданд.Сафир Игор Лякин – Фролов зимни суханрониаш аҳамияти ҷалби таваҷҷуҳи олимони ҷавон ба омӯзиши саҳми Михаил Андреев дар таҳқиқи таъриху фарҳанги халқи тоҷикро хотирнишон сохт. Худи ҳамон рӯз сафири Русия аз мактаби миёнаи таҳсилоти умумии № 6 – уми шаҳри Душанбе дидор намуд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






