Изҳороти А.Лукашенко дар мавриди таҳкими сарҳади Тоҷикистон
Душанбе, 23 октябр. (АМИТ «Ховар»).- Президенти Беларус Александр Лукашенко зимни мулоқот бо роҳбарони ВАО кишварҳои ИДМ дар шаҳри Минск изҳор дошт, ки масъалаи таҳкими сарҳади Тоҷикистон бояд дар қарорҳои ИДМ инъикос ёбад.Мувофиқи маълумоти Агентии иттилоотии Беларус (БЕЛТА), Александр Лукашенко зикр намуд, ки муҳокимаи ин масъала дар ҳамоиши роҳбарони давлатҳои ИДМ вобаста ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. «Агар ӯ ин масъаларо ба миён гузорад, мо онро дастгирӣ менамоем», — гуфт А.Лукашенко.Президенти Беларус хотирнишон сохт, ки роҳбарони кишварҳои аъзои созмон дар ҳамоиши СПАД дар Сочи аҳд карданд, ки низоми тадбирҳои расонидани ёрӣ ба Тоҷикистон барои мустаҳкам намудани сарҳадаш бо Афғонистонро тарҳрезӣ намоянд. «Ин масъалаи умумӣ аст. Фикр намекунам, ки Тоҷикистон дар куҷо асту Беларус дар куҷост ва ин ба мо дахл надорад. Ҳама чиз тавре сурат мегирад, ки ҳаракати муҳоҷират аз Ҷануб тавассути Беларус сурат мегирад», — гуфт сарвари давлат. «Мо хоҳем, ё нахоҳем, хавфу хатарҳои террористӣ афзун мешаванд», — илова намуд Президенти Беларус.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






