Изҳороти Константин Ромодановский
Душанбе, 22 октябр. (АМИТ «Ховар»).- Роҳбари Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия Константин Ромодановский зимни мусоҳиба бо хабарнигори рӯзномаи «Коммерсант Ъ» изҳор дошт, ки Тоҷикистон ба Русия зарурат дораду Русия ба Тоҷикистон. Роҳбари Хадамоти федералии муҳоҷират ҳамчунин қайд намуд, ки «мо бо Тоҷикистон муносибатҳои пешрафтатарин дорем. Вазъият дар бахши муҳоҷирон яке аз вазъиятҳои мураккабтарин бошад ҳам, вале барои беҳдошти он ҳам аз нигоҳи шумораи созишномаҳо ва ҳам аз нигоҳи устуворияти онҳо кори аз ҳама зиёдтар анҷом дода шудааст. Ба фикри ман Тоҷикистон ба Русия зарурат дораду Русия ба Тоҷикистон. Ин ҳолат ҳам аз нигоҳи таърихӣ ва ҳам аз нигоҳи геополитикӣ ба миён омадааст».Константин Ромодановский зимни суханрониаш зикр намуд, ки дар Русия теъдоди зиёди муҳоҷиронро шаҳрвандони Украина ташкил медиҳад. Мавсуф ба масъалаи ҷорӣ намудани тартиби раводид бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дахл карда, гуфт, ки ҷорӣ намудани муносибатҳои раводид бо кишварҳои ҳамсарҳад имконнопазир аст.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






