Кӯмаки хайриявии «Амонатбонк» бахшида ба Иди Қурбон
Душанбе, 14 октябр. (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова). — Бахшида ба иди Қурбон Бонки давлатии амонатгузории (БДА) Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ба мактаб- парваришгоҳ барои ятимону бепарасторони рақами 1-и ноҳияи Рӯдакӣ ба маблағи 7475 сомонӣ кӯмаки хайрия расонид.
Лозим ба ёдоварист, ки дар давоми соли ҷорӣ ин бори панҷум аст, ки «Амонатбонк» ба ин мактаб-парваришгоҳ кӯмаки хайрия, аз қабили ҷиҳози таълимиву хӯрокӣ кӯмак мерасонад. Дар ин мактаб-парваришгоҳ имрӯз беш аз 1370 нафар таълиму тарбия мегиранд. Индафъа кӯмак аз маводи хӯрокӣ- орду равған, биринҷу маҳсулоти қаннодӣ, гӯшту сабзавот иборат буда, барои таълимгирандагони ин мактаб-парваришгоҳ саривақтӣ мебошад.
Роҳбарияти Раёсати «Амонатбонк» тасмим гирифтааст дар оянда барои беҳдошти вазъи хобгоҳу таъмини ин муассиса бо ҷиҳози лозимӣ саҳмгузор бошанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






