Кӯмаки Президент ба ятимони вилояти Суғд

Октябрь 14, 2013 13:16

Душанбе, 14 октябр (АМИТ «Ховар»).-Дар Маркази истироҳатӣ ва солимгардонии кӯдаконаи Шоҳини шаҳри Қайроққум Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба кӯдакону наврасони вилояти Суғд, ки аз падар ва ҳам модар ятим мондаанд, кумаки моддӣ расонд.
Тавре зикр гардид, ин кӯдакону наврасон, ки бо амри тақдир аз падар ва ҳам модар ятим мондаанд, барои мулоқот бо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ҷамъ омаданд.
Шумораи умимии ин дӯстрӯякон 700 нафар аст. Ба ҳар яки онҳо аз ҷониби Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон кумаки яквақтаи моддӣ расонда шуд. Кумаки Президентӣ аз маҷмӯи пурраи сару либоси мактабӣ, варзишӣ, пойафзолу либосҳои болопӯши зимистона, як миқдор маблағи амонатӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ иборат аст.
Кӯдакону наврасони ятим аз таваҷҷуҳи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, суҳбати бевосита бо ӯ ва кумаки моддӣ хушҳолу сарфароз гардида, арзи сипос намуданд.
Тавре иттилоъ доданд, ин кӯдакону наврасон бо дастури Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон як ҳафта аст, ки дар ин мавзеи хушобу ҳаво бо истироҳату солимгардонӣ фаро гирифта шудаанд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Октябрь 14, 2013 13:16

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд