Кӯмаки Сафорати ИМА ба Дастаи таъйиноти махсуси милитсия

Октябрь 24, 2013 11:08

Душанбе, 24 октябр. (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова). — 23 октябри соли равон вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов ба Дастаи таъйиноти махсуси милитсия ташриф оварда, аз таҷҳизоти техникие, ки барои гузаронидани машқҳои тактикию омӯзишӣ ва дарсҳои таълимӣ аз ҷониби Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ба тариқи кӯмак тақдим гардид, дидан намуд. Сафири ИМА дар Тоҷикистон Эллиотт Сюзан барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд ба вазири корҳои дохилӣ изҳори сипос намуда, зикр кард, ки дар оянда низ ин ҳамкориҳо тақвият бахшида мешаванд.Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти ВКД хабар доданд, дар доираҳои ҳамкориҳои дуҷониба кормандони Дастаи таъйиноти махсуси милитсия соли 2012 дар тренинги омӯзишӣ дар ИМА иштирок намуда, аз худ маҳорату малакаи баланди касбӣ нишон дода, сазовори таҳсин гардиданд. Аз ин хотир, Сафорати ИМА дар Тоҷикистон тасмим гирифт, ки барои гузаронидани машқҳои тактикию омӯзишӣ ва дарсҳои таълимии афсарон ба даста таҷҳизоти лозимӣ, аз қабили ҷавшан, тоскӯлоҳ, ниқоб, дурбин ва дигар лавозимот тақдим намояд.

Октябрь 24, 2013 11:08

Хабарҳои дигари ин бахш