Конгресси байналмилалии саноатчиёну соҳибкорон
Душанбе, 14 октябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Охири ҳафтаи гузашта дар шаҳри Маскав ҷаласаи даҳуми ҳамоиши ҳисоботию интихоботии Конгресси байналмилалии саноатчиёну соҳибкорон баргузор гардида, дар он аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Палатаи савдо ва саноати ҶТ Шариф Саид ширкат намуд.
Дар ҷаласа ҳисоботи Шӯрои Конгресс ва Комиссияи назоратӣ дар давраи солҳои 2009 — 2013, интихоби ҳайати нави мақомоти роҳбарикунандаи Конгресси байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, самтҳои фаъолият бо назардошти тамоюлҳои имрӯзаи рушди равобити созмонҳои ҷаҳонӣ, вазъи равандҳои ҳамгироӣ дар фазои иқтисодии АвруОсиё ва ғайра муайян карда шуданд.
Дар ҷараёни музокирот масоили ҳамкории судманди ҳайатҳои соҳибкорон дар бахши рушду густариши саноат баррасӣ шуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






