Кортҳои пластикӣ барои нафақагирон

Октябрь 29, 2013 10:34

Душанбе, 29 октябр. (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова). — Тавре ки аз Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар доданд, дар айни ҳол дар 19 шаҳру ноҳияҳо низоми пардохти нафақа бо кортҳои пластикии бонкӣ ба роҳ монда шудааст. Аз ҷумла, дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе, ноҳия ва шаҳрҳои Истиқлол, Хуҷанд, Чкалов, Истаравшан, Қайроққум, Исфараи вилояти Суғд, Данғара, Ёвон, Ҷиликўл, Қўрғонтеппа, Кўлоб, Нораки вилояти Хатлон, Хоруғи ВМКБ, шаҳрҳои Турсунзода, Ваҳдат пардохти нафақаи 192903 нафар нафақагирон бо талаботи моҳонаи 40,1 млн. сомонӣ тавассути кортҳои бонкӣ амалӣ мегардад. Ҳамзамон 7 шаҳру ноҳияҳои дигар — Роғун, Сарбанд, Ванҷ, Хуросон, Рашт, Бохтар ва Ҳисор барои гузаштан ба пардохти нафақаҳо, иловапулию кўмакпулиҳо тавассути кортҳои пластикии бонкӣ пурра омода мебошанд

Октябрь 29, 2013 10:34

Хабарҳои дигари ин бахш