Кумак ба ятимони бепадару модари ноҳияҳои Ванҷу Дарвоз
Душанбе, 8 октябр (АМИТ «Ховар»).- Дар маркази ноҳияи Дарвоз Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба 21 нафар наврасону ҷавонони ноҳияҳои Ванҷу Дарвоз, ки аз падар ва ҳам аз модар ятим мондаанд, кумаки моддӣ расонд.Ба ҳар яки онҳо дафтарчаҳои амонатӣ аз Бонки давлатии амонатгузории Амонатбонк бо зиёда за якуним ҳазор сомонӣ пасандоз, маҷмӯи пурраи сару либоси зимистона ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.Ин наврасону ҷавонон, ки воқеан ба кумаку дастгирии мардуми саховатпеша ниёз доранд, аз ин таваҷҷуҳи хоси Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо ва ғамхории доимии ӯ ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ хушҳол гардида, ба ӯ арзи сипос карданд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






