Лоиҳаҳои Ай Си Ди амалӣ мешаванд
Душанбе, 17 октябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Ба қарибӣ дар ҷараёни мулоқоти Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ Давлаталӣ Саидов ва Директори иҷроияи Иттиҳодияи исломӣ Холид ал — Абудӣ масоили марбут ба ҳамкории Ҳукумати ҶТ ва Иттиҳодияи исломии рушди бахши хусусии Ай Си Ди ҷиҳати дастгирии соҳибкорӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.
Давлаталӣ Саидов ба ҳайси мудири Бонки рушди исломӣ аз Тоҷикистон ҳамкории ҳар ду ҷонибро ба таври мусбат арзёбӣ намуда, дар бораи фаъолияти созмонҳои нави кумита аз қабили муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаҳои ҳамкории давлатию хусусӣ ва Хазинаи дастгирии соҳибкорӣ муфассал нақл кард.
Холид ал — Абудӣ дар навбати худ аз ҷараёни татбиқи лоиҳаҳое, ки дар Тоҷикистон маблағгузорӣ мешаванд ва нақшаҳои минбаъдаи иттиҳодия иттилоъ дод. Мавсуф ҳамзамон ба раиси кумита барои дар сатҳи баланд доир шудани форуми менеҷерҳо ва маблағгузорону соҳибкорон изҳори миннатдорӣ кард.
Назар ба хабари Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, ҷонибҳо ҷараёни татбиқи лоиҳаҳоеро, ки аз ҷониби иттиҳодия маблағгузорӣ мешаванд, ҳамчунин имконоти рушду густариш бахшидани ҳамкории мутақобилаи муфидро мавриди муҳокима қарор доданд.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо иброз доштанд, ки ҳамкориро барои дастгирии ҳамаҷонибаи соҳибкорӣ бо усули маблағгузории фаъолияти тиҷоратӣ ва лоиҳаҳои мушорикати давлатию хусусӣ густариш дода, форумҳои соҳибкоронро роҳандозӣ хоҳанд намуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






