М. Убайдуллоев ба «Сафири Сол» комёбӣ таманно кард

Октябрь 9, 2013 15:43

       Душанбе, 9 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Тавсеаи равобити Душанбею Теҳрон 9 октябр зимни мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев -раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Алиасғари Шеърдӯст сафири фавқулодда ва мухтори  Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон матраҳ гардид. Мулоқоти раиси палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон бо  Алиасғари Шеърдӯст дар робита ба  анҷом ёфтани ваколати дипломатиаш дар Тоҷикистон ҷараён гирифт. Маҳмадсаид Убайдуллоев ба Алиасғари Шеърдӯст барои фаъолияти пурсамараш зимни иҷрои ваколати сафирӣ дар Тоҷикистон ва саҳми беназираш дар тавсеаи муносиботи Душанбеву Теҳрон арзи сипос баён намуд.
      М. Убайдуллоев гуфт, ки Тоҷикистону Эрон ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг,  дорои пайвандҳои ногусастании таърихӣ ва анъанаҳои устувори дӯстию бародарӣ ва ҳамкории мутақобилан судманданд.  Зикр шуд, ки байни ду кишвар дар заминаҳои тиҷорат, саноат, энергетика, коркарду истифодаи сарватҳои табиӣ, нақлиёт, кишоварзӣ ва нафту газ, фарҳангу маориф, тандурустиву сайёҳӣ имкониятҳои бештар вуҷуд доранд ва тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои мазкур  ба манфиати ҳар ду кишвар хоҳад буд.
    Раиси Маҷлиси миллӣ ба Алиасғари Шеърдӯст дар фаъолияти минбаъдааш саломатӣ ва комёбӣ таманно кард. Бояд тазаккур дод, ки Алиасғари Шеърдӯст муддати 5 солу 9 моҳ аз моҳи феврали соли 2008 дар Тоҷикистон ба ҳайси сафири Эрон фаъолияти дипломатӣ дошт. Зимни фаъолияти дипломатиаш дар тавсеаи равобити ҳасанаи  Душанбею Теҳрон нақши муассир гузошта, дар робита  4 маротиба дар Тоҷикистон ба ҳайси “Сафири Сол” пазируфта шуд. 

Октябрь 9, 2013 15:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд