Маҳфили эҷодии Манзура Ӯлҷабоева
Душанбе, 17 октябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Дар ҳошияи Ҳафтаи синамои Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон охири ҳафтаи гузашта дар Маркази илму фарҳанги Русия дар шаҳри Душанбе маҳфили эҷодии рассоми театру синамо, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Манзура Ӯлҷабоева баргузор гардид.
Тавре ки аз Намояндагии ҳамкории Русия дар Тоҷикистон хабар доданд, дар маҳфили эҷодӣ Сафири Фавқулодда ва Мухтори Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин – Фролов, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Беларус Олга Гаврук, ходимони намоёни илму фарҳанг ва намояндагони аҳли ҷамъият ширкат доштанд.
Сафири Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин – Фролов ҳозиронро хайра мақдам гуфта, аҳамияти чунин вохӯриҳо бо иштироки устодони намоёни театру синамои Тоҷикистонро, ки ба рушди равобити фарҳангии байни Русия ва Тоҷикистон мусоидат мекунанд, ба таври махсус қайд намуд.
Манзура Ӯлҷабоева зимни суханрониаш аз роҳи эҷодӣ ва таҷрибаи фаъолият бо коргардонҳо, драматургҳо ва ҳунарпешагони номӣ ба таври шавқовар нақл кард.
Дар анҷоми маҳфил филми мустанади коргардон Владимир Сидоров «Филм дар бораи филм» намоиш дода шуд. Сипас коргардони филми «Писарак» Рустам Аҳадов фитаҳои филмҳои коргардон Лариса Садиловаро, ки Манзура Ӯлҷабоева бо мавсуф ҳамкорӣ дошт, ба Маркази илму фарҳанги Русия тақдим кард.
Манзура Ӯлҷабоева рассоми театру синамо ва омӯзгори Коллеҷи рассомии ҷумҳуриявӣ ба номи Олимов мебошад. Номбурда соли 2008 бо мукофоти ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон медали «Хизмати шоиста» қадр шуда, соли 2013 сазовори унвони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» гардид.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






