Машварат дар шаҳри Душанбе
Душанбе, 22 октябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Ба манзури рушди муносибатҳои дуҷонибаи байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Олмон имрӯз, 22 октябр, дар шаҳри Душанбе фаъолият аз рӯи натиҷаи машваратҳои байниҳукуматӣ перомуни масоили ҳамкории молиявию техникӣ оғоз ёфт.Роҳбарии ҳайати Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар машваратҳои байниҳукуматиро муовини сардори шӯъбаи «Осиёи Марказӣ, Осиёи Шарқӣ, Лаос ва Камбоҷа» — и Вазорати федералии ҳамкорӣ ва рушди иқтисодӣ хонум Марион Эдел ба ӯҳда дошт. Мавсуф рушди муносибатҳои байниҳукуматии ду кишварро, ки ба таври судманд густариш меёбанд, арзёбӣ намуд. Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳолгер Грен зимни суханрониаш ҳамкории зичи иқтисодии Олмону Тоҷикистонро, ки солҳои охир босуръат тараққӣ меёбад, ба дараҷаи баланд арзёбӣ намуд. Дар ҷараёни машваратҳои байниҳукуматӣ масоили ҳамкории дуҷониба ва омодагӣ ба гуфтушунидҳои байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ барои давраи солҳои 2014 – 2015, ки бояд соли 2014 сурат гиранд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз рӯи натиҷаи машваратҳои байниҳукуматии Олмону Тоҷикистон, ки 23 октябр анҷом меёбанд, протоколи хотимавӣ имзо мешавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






